Хориҷиён акнун метавонанд ҳадафи сафари худ ба Россияро дар корти муҳоҷират иваз кунанд

Хориҷиён акнун метавонанд ҳадафи сафари худ ба Россияро дар корти муҳоҷират иваз кунанд
05.08.2022

Мутобиқи қонуни Федералии № 357-ФЗ аз 14 июли соли 2022 шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба қаламрави ФР бидуни виза бо мақсади ба фаъолият меҳнатӣ алоқаманд набуда омадаанд, ҳуқуқ доранд, ки мақсади сафари худро ба ФР барои фаъолияти меҳнатӣ бе зарурати сафар берун аз ФР тағйир диҳанд. 

Яъне, агар шаҳрванди хориҷӣ бидуни раводид ҳангоми ворид шудан ба Россия, ҳадафи вуруд ба ғайр аз «кор» -ро нишон дода бошад, вале баъдан тасмим гирифт, ки барои кор кардан бимонад, пас барои минбаъд гирифтани патент ва ба кор таъмин шудан, ӯ метавонад мақсади сафарашро ба «кор» бе тарки Россия тағйир диҳад.

Чӣ тавр шаҳрванди хориҷии бидуни раводид метавонад ҳадафи сафари худ ба Федератсияи Россияро барои кори минбаъда иваз кунад?

Шаҳрванди хориҷӣ барои кор патент ба расмият медарорад, дар ариза барои гирифтани патент зарурати тағир додани ҳадафи сафарро нишон медиҳад.

Вақте ки ба ӯ патент дода мешавад, ҳадафи сафари ӯ ба ФР аллакай кор ҳисобида мешавад. Корманди Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи тағйир додани мақсади сафар ба системаи иттилоотии давлатӣ на дертар аз 1 рўзи кории пас аз рўзи додани патент маълумот ворид мекунад.

Чӣ тавр шаҳрванди хориҷии бидуни раводид аз (ЕАЭС) метавонад ҳадафи вуруд ба Федератсияи Россияро тағир диҳад?

Шаҳрванди хориҷӣ ба кор қабул мешавад, бо корфармо шартнома имзо мекунад, корфармо дар бораи бастани шартнома бо шаҳрванди хориҷӣ аз (ЕАЭС) ба ВКД огоҳинома мефиристад, ВКД огоҳинома мегирад ва маълумот дар бораи тағир додани мақсади сафарро ба системаи иттилоотии давлатӣ на дертар аз 1 рўзи кории баъд аз рўзи гирифтани огоҳинома ворид мекунад.