Дар Маскав қимати патент барои муҳоҷирон боло меравад

Дар Маскав қимати патент барои муҳоҷирон боло меравад
03.11.2022

Дар соли 2023 арзиши патенти меҳнатӣ аз 5900 то 6600 рубл афзоиш хоҳад ёфт, хабар медиҳад шаҳрдорӣ.

Қаблан мақомоти чанд минтақаи дигари Россия аз болоравии нархи патент дар соли 2023 хабар дода буданд. Масалан, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград арзиши ҳуҷҷат дар як моҳ аз 4200 то 4400 рубл афзоиш меёбад.