Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар портали «Госуслуги» маблағи патентро пардохт кунанд

Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар портали «Госуслуги» маблағи патентро пардохт кунанд
08.11.2022

Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар портали «Госуслуги» маблағи патентро пардохт кунанд

Ёдовар мешавем, ки патент ҳуҷҷатест, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Федератсияи Россия ҳатмист.

Чӣ гуна бояд маблағи пешпардохти патентро дар портали «Госуслуги» пардохт кард?

1. Ба аккаунти худ дар «Госуслуги» ворид шавед, хидмати «Пардохти патенти меҳнатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» -ро интихоб кунед.
2. Маълумоти шахсиатонро тафтиш кунед ва маълумотро дар бораи ҷои кор нишон диҳед.
3. Навъи пардохтро интихоб кунед – барои як моҳ ё ҳармоҳа.
4. Усули пардохтро интихоб кунед – «Онлайн дар хидматҳои давлатӣ».
5. Вобаста ба мўҳлати эътибор, ба муҳлати дилхоҳ ба як моҳ ё якчанд моҳ пардохт кунед, квитансияро зеркашӣ ва бо худ нигоҳ доред.

Маблағи пардохти моҳона аз минтақае, ки шаҳрванди хориҷӣ дар он кор мекунад, вобаста аст.