Шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандии Россия доранд, метавонанд барои хидмат ба артиши Россия даъват шаванд

Шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандии Россия доранд, метавонанд барои хидмат ба артиши Россия даъват шаванд
14.11.2022

Шаҳрвандони Федератсияи Россия, ки шаҳрвандии хориҷӣ ё иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) дар хориҷа доранд, метавонанд барои хидмат ба артиши Россия даъват шаванд.

Фармони дахлдорро Владимир Путин имзо кардааст. Қаблан ба хидмат танҳо шаҳрвандии Россия даъват мешуданд.

Фармон инчунин тартиби адои хизмати ҳарбиро дар замони осоишта барои шаҳрвандони Россия, ки душаҳрвандӣ доранд дар Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ва воҳидҳои ҳарбӣ, тартиби бастани шартномаи хизмати ҳарбӣ ва қатъи онро муайян мекунад.

Хориҷиёнро низ метавон ба хидмат дар артиши Россия даъват кард!?

Танҳо ашхосе, ки «ду» шаҳрвандии доранд, бечунучаро даъват карда мешаванд. Масалан, шаҳрвандии Федератсияи Россия ва шаҳрвандии Тоҷикистон/Ӯзбекистон. Ин хуччат ба мухочирони оддие, ки барои кор ба Россия омадаанд, дахл надорад! Агар шумо шаҳрванди хориҷӣ бошед ва дар Федератсияи Россия иҷозатномаи иқомат дошта бошед ва худатон хизмат кардан нахоҳед, шуморо ба хидмат даъват карда наметавонанд.

Ҳамзамон, аз фармон бармеояд, ки хориҷиёне, ки худашон хоҳиш доранд, акнун метавонанд шартнома банданд ва дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия расман хидмат кунанд. Қаблан ин аз ҷиҳати ҳуқуқӣ имконнопазир буд.