Вуруди муҳоҷирони корӣ ба Россия соддатар карда мешавад

Вуруди муҳоҷирони корӣ ба Россия соддатар карда мешавад
30.11.2022

Вуруди қонунии муҳоҷирони корӣ ба Россия содда ва низоми сабти номи муҳоҷират аз нав ташкил мешавад

Ҳукумат лоиҳаи қонуни дахлдорро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.

ВКД ҳамасола дар соҳаи муҳоҷират беш аз 65 млн. хизмати давлатӣ мерасонад, ки 27 млн. он ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд рост меояд. Кисме аз онро аз зимаи вазорат баровардан пешбинй карда шудааст.

ВКД ФР вазифаҳои зерини «бюрократиро» ба Корхонаи воҳиди федералии давлатии «Хизмати шиноснома ва раводид» ва Маркази бисёрфунксияи муҳоҷирати шаҳри Маскав вогузор мекунад:

– қабули дархостҳо барои додани раводид, даъватномаҳо, иҷозатномаҳои корӣ, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ(РВП), иҷозатномаи истиқомат (ВНЖ)

– бақайдгирӣ ва додани патентҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ

– аз нав додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони ФР 

– кабули ариза барои бакайдгирии шахрванди хоричи дар махалли истикомат ва додани огохинома дар бораи вуруд

Пеш аз ҳама, азнавташкилдиҳӣ ба муҳоҷироне, ки аз кишварҳои бидуни раводид барои кор ворид мешаванд, таъсир мерасонад – тақрибан 1,5 млн. нафар дар як сол.