Мизоҷони «Золотая Корона» дучори қаллобии оммавӣ шуданд

Мизоҷони «Золотая Корона» дучори қаллобии оммавӣ шуданд
02.03.2023

Садҳо шаҳрванди Қирғизистон ба таври оммавӣ аз қаллобӣ дар низоми пардохти «Золотая Корона» ба пулис шикоят намуданд. Маълум аст, ки қаллоб ба муҳоҷир занг мезанад ва худро ҳамчун корманди хизматрасонӣ муаррифӣ карда, ҷабрдидаро бовар мекунонад, ки рамзи амниятро аз SMS пешниҳод кунад. Ҳамзамон, ҳангоми сӯҳбат, ҷинояткор ба ҷабрдида маълумотҳои шахсии онро мегӯяд, то ҳама чиз боварибахш тобад. Вақте ки ҷабрдида кодро номбар мекунад, қаллобон бо фоизи баланд (аз 5 то 150 ҳазор рубл) қарз ба расмият медарорад.

Дӯстон эҳтиёт кунед!